USAID - Озмун барои хабарнигорон
Лоиҳа оид ба кишоварзӣ ва обёрӣ дар доираи ташаббуси “Озуқаворӣ ба хотири оянда” дар Тоҷикистон озмуни навбатиро миёни хабарнигорони ВАО дар мавзӯи инъикоси масоили зерин эълон мекунад: “Маърифати обёрӣ” – Муҳофизати муҳити зист, мушкилот бо партовҳо ва зарари он барои саломатии инсон; – Натиҷаи ифлос шудани заҳбуру заҳкашҳо, саривақт тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо – натиҷаи зиёд шудани масоҳати заминҳои кишорварзӣ, истифодаи самараноки об, нақши ассотсиасияҳои истифодабарандагони об. “Боғдори муосир” – Роҳҳои бартараф кардани ҳашароти зараррасон; – Истифодаи технологияҳои навини кишоварзӣ; – Ниҳолхонаҳо ва тарзи дуруст интихоб намудани тухмӣ ва ниҳол. “ Ғизои солим ” – Истифода аз меваю сабзавоти серғизо: брокколи, испаноҷ, карами пекинӣ; – Маҳсулоти ширӣ, таомҳо ва ретсептҳои мувозин/серғизо. Маводи пешниҳодгардидаро 5 узви комиссияи таъсисдодаи созмон аз ҳисоби коршиносони маъруф баҳогузорӣ мекунанд. Меъёрҳои муайян кардани ғолибон: пайваста инъикос намудан...