РОНАНДАҲОИ МУСОФИРБАРИ ТОҶИКИСТОН МИЗОҶОНИ ХУДРО ВОДОР БА ТАШХИС ВА ТАБОБАТ МЕКУНАНД
РОНАНДАҲОИ МУСОФИРБАРИ ТОҶИКИСТОН МИЗОҶОНИ ХУДРО ВОДОР БА ТАШХИС ВА ТАБОБАТ МЕКУНАНД Тӯйчӣ Бобоқулов ронандаи мусофиркаши ноҳияи Темурмалик вилояти Хатлони ҷумҳурӣ баъди он, ки ба духтурони Барномаи Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) оид ба мубориза бар зидди бемории силро соли 2015 хизматрасонӣ намуд, тасаввуроташ аз бемории сил тамоман дигар шуд. Ӯ ҳангоми бурдани духтурҳо ба хонаи гирифторони сил фаҳмид, ки бемории сил як бемории ирсӣ нест ва он табобатшаванда аст. Бобоқулов баъди фаҳмидани он, ки агар саривақт ба духтурон муроҷиат намоӣ бемории сил табобатшаванда аст, аз фаъолияти худ дар ин самт қаноатманд буда, ифтихор аз он мекунад, ки дар ҳамду нақли духтурон барои табобати беморони сил саҳмгузор аст. «Сил камбизоатҳоро камбизоаттар менамояд ва ба қисми осебпазири ҷомеа хатар эҷод мекунад. Ман аз ин ки ҳамчун як ихтиёрӣ (волонтер) дар ин самт метавонам бо ҷомеа кӯмак бирасонам, қаноатмандам» Туйч ӣ Бобо қ улов Ти...