Сообщения

Показаны сообщения с ярлыком "Тоҷикистон"

21 сол пеш дар ин рӯзи Ваҳдат кӣ дар куҷо ва дар чӣ ҳол буд?

Изображение
21 сол пеш дар ин рӯзи Ва ҳ дат кӣ дар куҷо ва дар чӣ ҳол буд? Ману модарам ва як иддае аз тоҷикони муқими Ирон дар манзили Саид Абдулоҳи Нури ҷамъ омада мунтазири натоиҷи мулоқоти ниҳоии гуфтушуниди ҷонибҳои даргир дар Москва будем. Ҳама ҳайрону парешон ва дар ҳолати интизорӣ будем. Чун ин мулоқот тақдири меҳани азизамон - Тоҷикистонро ҳал мекард. Ҳама дар орзӯи сулҳу, ваҳдату ягонагии миллатамон будем. Наздики шом буд, ки яке аз писарони С.А.Нурӣ дар дасташ телефон вориди меҳмонхона  шуду якбора бо садои баланду бо ҳаяҷон фарёд кард "санади оштии миллӣ имзо шуд, муборак бошад!!!". Як бора дар хона садои кафкубиву, шукргузорӣ баланд шуду аз чашмҳо ашкҳои шодӣ ҷорӣ шуд... Шодии ман он лаҳза дучанд буд, зеро пай мебурдам ки ба зудӣ баъд аз 3 соли ҳиҷрат дар Теҳрон дар ниҳоят ба Втанҷонам бар мегардам. Чанд лаҳза пас хабар омад, ки устод Нурӣ супориш додааст, ки дар ҳавлиаш дегҳои ошро гузоранду тамоми тоҷикони Иронро ҷамъ карда ин "оштии миллӣ"-ро ҷашн би...

Мақоми зан дар бузургтарин динҳои дунё

Изображение
Зан, аз шавҳари худ битарс! Ё мақоми зан дар бузургтарин динҳои дунё Мавзӯи занро дар адён аз нуқтаи назарҳои гуногун: таърих, фарҳанг, назарҳои як дин ба дини дигар ва ё расму оин омӯхтан мумкин аст, аммо биёед, паҳлӯҳои ин мавзӯъро дар сарчашмаҳои динҳо бубинем.   Ақидаҳои гуногун, ҳатто таззоде оид ба имкониятҳои ақлӣ ва рӯҳии зану мард, аз арҷгузорӣ, ба Худо баробар кардан то пасттарин зина, ба сатҳи мошини истеҳсоли кӯдак баробар кардани зан вуҷуд дорад. Ва, албатта, ин гуногунандешиҳо нисбат ба зан бештар аз динҳо маншаъ мегиранд. Зан дар Ислом Дар ҷаҳони муосир беш аз ним миллиард зани мусулмон умр ба сар мебарад. Мақому нақши онон дар ҷомеа мутобиқи гуфтаҳои Қуръони кариму аҳодиси Муҳаммад (с) танзим карда мешавад. Зан дар ин дин аз мақоми боло бархурдор аст. Аксари ҳуқуқпоймолкуниҳо, ки бо такя ба он ба вуҷуд меоянд, аслан ба Ислом ҳеҷ иртиботе надоранд, ҳатто дар баъзе мавридҳо бо он мухолифат мекунанд. Агар ба Қуръони карим назар кунем, мебинем, ки мавқ...