Сообщения

Показаны сообщения с ярлыком "ЮСАИД"

USAID - Рушди боғдорӣ

Изображение
«Истифодаи таҷрибаҳои пешқадам дар соҳаи боғдорӣ» 24 майи соли ҷорӣ бо ибтикори “Лоиҳа оид ба кишоварзӣ ва обёрӣ дар доираи ташаббуси “Озуқаворӣ ба хотири оянда” дар ноҳияи Ёвон семинари машваратӣ дар мавзӯи «Рушди боғдорӣ» баргузор шуд. Семинари мазкур бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши кишоварзон оиди «Истифодаи таҷрибаҳои пешқадам дар соҳаи боғдорӣ» ба воситаи мубодилаи афкор байни деҳқонон ва мутахассисону олимони соҳаи боғдорӣ оид ба мавзӯъҳои касалиҳо ва ҳашароти зарарасони дарахтони мевадиҳанда ва мубориза ба р зидди онҳо, танзими реҷаи ғизодиҳӣ ва обёрӣ, шохабурии сабз ва аҳамияти он, истифодаи самараноки байни қатории дарахтон, ҷамъоварии мева ва коркарди он, риояи талаботи экологӣ дар соҳаи боғдорӣ баргузор шуд.  Ҳамчунин, зимни баргузории семинари машваратӣ намошгоҳи маҳсулоти пайвандӣ ва маҳалӣ ба маъразӣ тамошо гузошта шуда буд. Пас аз тамошои намоишгоҳ дар хоҷагии таълимӣ-таҷрибавии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон намоиши корҳои амалӣ аз ҷумл...