Сообщения

Показаны сообщения с ярлыком "зан"

Мақоми зан дар бузургтарин динҳои дунё

Изображение
Зан, аз шавҳари худ битарс! Ё мақоми зан дар бузургтарин динҳои дунё Мавзӯи занро дар адён аз нуқтаи назарҳои гуногун: таърих, фарҳанг, назарҳои як дин ба дини дигар ва ё расму оин омӯхтан мумкин аст, аммо биёед, паҳлӯҳои ин мавзӯъро дар сарчашмаҳои динҳо бубинем.   Ақидаҳои гуногун, ҳатто таззоде оид ба имкониятҳои ақлӣ ва рӯҳии зану мард, аз арҷгузорӣ, ба Худо баробар кардан то пасттарин зина, ба сатҳи мошини истеҳсоли кӯдак баробар кардани зан вуҷуд дорад. Ва, албатта, ин гуногунандешиҳо нисбат ба зан бештар аз динҳо маншаъ мегиранд. Зан дар Ислом Дар ҷаҳони муосир беш аз ним миллиард зани мусулмон умр ба сар мебарад. Мақому нақши онон дар ҷомеа мутобиқи гуфтаҳои Қуръони кариму аҳодиси Муҳаммад (с) танзим карда мешавад. Зан дар ин дин аз мақоми боло бархурдор аст. Аксари ҳуқуқпоймолкуниҳо, ки бо такя ба он ба вуҷуд меоянд, аслан ба Ислом ҳеҷ иртиботе надоранд, ҳатто дар баъзе мавридҳо бо он мухолифат мекунанд. Агар ба Қуръони карим назар кунем, мебинем, ки мавқ...