Сообщения

Сообщения за ноябрь, 2018

Великая сила – спорт!

Изображение
Великая сила – спорт! Спортом люди занимаются издавна. Он помогает людям справиться с трудностями и обрести веру в собственные силы. Спорт тренирует упорство, выносливость и терпение. Именно эти побуждения мотивировали Фаридуна Умарова – молодого предпринимателя из села Ворух г орода Исфара построить спортивный комплекс, оснащённый новейшими технологиями. Фаридуну удалось возвести удобное и современное здание, но на закупку спортивной техники ему не хватило средств. Молодой предприниматель не унывал и искал пути оснащения спортивного зала площадью около 200 кв. метров. В 2017 году Фаридун решил принять участие в бизнес-тренингах и образовательных лагерях в рамках проекта «Трансграничное сотрудничество для достижения устойчивого мира и развития» и затем представил свою бизнес-идею на конкурс. Идея и цели начинающего предпринимателя были признаны одним из лучших и к концу 2017 года он получил техническую поддержку от ПРООН в Таджикистане на сумму 62 000 сомони в виде обо...

Конференсияи илмии байналмилалӣ таҳти унвони “Миробид Сайидои Насафӣ ва таҳаввулоти фарҳангию адабии Мовароуннаҳр”

Изображение
Конференсияи илмии байналмилалӣ таҳти унвони “Миробид Сайидои Насафӣ ва таҳаввулоти фарҳангию адабии Мовароуннаҳр” Дар конфронси роҷеъ ба осору аҳволи Миробид Сайидои Насафӣ, вазъи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва адабии замони ӯ, ҳунар ва ҳунармандӣ дар осори шоир ва вазъи мусиқӣ замонаш, замина ва ангезаҳои иҷтимоии эҷоди “Шаҳрошӯб” ва вежагиҳои услубии ин асар, сабкшиносии ғазалиёти шоир, вазъ ва симои диндо рӣ дар оинаи ғазалиёти ӯ, бозтоби масоили иқтисоди замони шоир дар эҷодиёти Сайидои Насафӣ гузоришҳо ва гуфтумони илмӣ сурат хоҳад гирифт. Қарор аст дар ин конфронс 22 нафар меҳмонони хориҷӣ, аз ҷумла донишмандон ва пажуҳишгарони таърих ва адабиёти замони Миробид Сайидои Насафӣ аз кишварҳои Русия, Қазоқистон, Узбекистон, Афғонистон, Эрон, Ҳиндустон ва дигар кишварҳо ширкат кунанд. Макон: толори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯдакӣ-33 Замон: 13 декабри соли 2018, соати 09.00 Масъули баргузорӣ: Маркази мероси хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. https://www.facebook.com/294927...

Озмун барои намояндагони ВАО (аз 20 ноябри 2018 то 10 феврали 2019)

Изображение
Озмун барои намояндагони ВАО / Конкурс для журналистов Таджикистана Озмун барои намояндагони ВАО (аз 20 ноябри 2018 то 10 феврали 2019) Лоиҳа оид ба кишоварзӣ ва обёрӣ дар доираи ташаббуси “Озуқаворӣ ба хотири оянда” (Лоиҳа) дар Тоҷикистон озмуни навбатиро миёни хабарнигорони ВАО бахшида ба заноне, ки ба кори кишоварзӣ машғуланд, эълон мекунад. Шарти асосии озмун инъикоси фаъолияти занон-баҳрагирандаҳои Лоиҳа ва итилоот оид ба ҳамкории онҳо бо Лоиҳа мебошад. Доварони озмун маводи дастрасшударо мавриди омӯзиш қарор дода, ғолибонро дар ҳар бахш мутобиқ ба меъёрҳои зерин баҳогузорӣ мекунанд: Итилооти пурра оид ба ҳамкории баҳрагиранда бо Лоиҳа: Дастрасии мавод барои умуми хонандагон; Истифодаи услуб ва усулҳои гуногуни баён: Аҳамияти иҷтимоӣ ва мавзуи мубрам; Таҳқиқи ҳаматарафаи мавзуъ; Маводи пешниҳодгардидаро 5 узви комиссияи таъсисдодаи созмон аз ҳисоби коршиносони маъруф баҳогузорӣ мекунанд. Ғолибон дар ду бахш муаян мешаванд: Нашряҳои чопӣ ва on-line...

Кевин Коверт: Ояндаи Тоҷикистонро илм ва технология муайян мекунад

Изображение
Кевин Коверт: Ояндаи Тоҷикистонро илм ва технология муайян мекунад (Мусоҳибаи ихтисосии кордори сафорати ИМА дар Тоҷикистон Кевин Коверт)   - Раиси Ҷумҳури ИМА Доналд Трамп баҳори соли ҷорӣ меморандумеро оид ба  “Мубориза бо таҷовузи иқтисодии Чин” ба имзо расонд, ки он нисбат ба маҳсулоти Чин маҳдудиятро имконпазир мекунад. Коршиносон бар ин ақидаанд, ки ин ҷанги тиҷоратии ИМА ва Чин ба иқтисоди ҷаҳон зарба ворид мекунад.  Паёмадҳои ин муносибот ба Тоҷикистон чи гуна хоҳанд буд, зеро мо бо Чин ҳамсарҳад ва муомилоти калони тиҷоратӣ дорем?   - Ташаккур аз Шумо. Иёлоти Амрико, сарфи назар аз тиҷорат бо Чин, амалан дар ҳамаи муносибатҳои тиҷоратияш хостори муносибатҳои одилона ва мутақобилан судманд бо кишварҳоест, ки бо онҳо тиҷорат мекунад. Ин масъалаест, ки мо рӯи он кор мекунем ва умед дорем, ки Чин ҳам ба мо ҳамроҳ мешавад. Ман боварии комил дорам, ки ҳар вақте мо бо Чин дар масъалаи қарордоди тиҷоратӣ мувофиқат ҳосил кунем, он барои ҳамаи тараф...

Бозор Собир муқобили хурофот сухан гуфт!

Изображение
Бозор Собир муқобили хурофот сухан гуфт! Вақте ҳама комунисти ашади шуданд ӯ муқобили комунизм сухан гуфт. Вақте ҳама амрикоипараст шуданд ӯ алайҳи Амрико сухан гуфт. Вақте ҳама Эронпардоз шуданд ӯ муқобили Эрон сухан гуфт. Вақте ҳама бо садои баланд Исломпарастӣ карданд ӯ.... Аммо манзури Бозор Собир низому, кишвару дин набуд, бал ки ӯ муқобили ХУРОФОТПАРАСТӢ сухан гуфт. Тафаккури як шоир, як инсони эҷодкор, донишманд болотар аз гуфтору зеҳнҳои кучак аст. Ӯ дурнамои ин равандро медид. Ӯ фикрҳоро дар алоҳидагӣ мушоҳида намекард, бал ки тамоми афкори ҷомеаро мадди назараш мегирифт ва онҳоро аз ХУРОФОТ огаҳӣ медод. Воқеан ҳам Бозор Собир шахсияти беназир буд.  Равонаш шод ва номаш ҷоивдонӣ бод!

Бозор Собир дар бораи Муъмин Қаноат

Изображение
Бозор Собир дар бораи Муъмин Қаноат   Ба истиқболи зодрузи Муъмин Қаноат матлабе таҳия мекардам ва дар ҳамин замина назари устод Бозорро пурсон шудам. Суханони бисёр самимонае дар васфи устодаш иброз дошт. Порае аз он гузоришам, ки 20 майи соли 2006 дар радиои Фардо нашр шуда буд. Бозор Собир шоири тавонои тоҷик, ки дар гуфтани шеъри тасвирӣ мувафақтарин шоири даврони худаш эътироф шудааст Қаноатро устоди худаш медонад ва мегуяд шоири аслии Тоҷикистон ҳануз ҳам Муъмин Қаноат аст. “Моро мафтун карда буд бо беҳтарин шеърҳои аввалинаш, ки бисёр тару тоза буданд, ҳам аз назари шеърият ва ҳам аз назари шаклу мундариҷа. Беҳтарин шеър аст. Устод Муъмин Қаноат ҳамеша ба мо ҳукми устоди дошт ва ҳукми устоди дорад. Ман дар як пора шеър (дар васфи ӯ) гуфта будам: Гӯянд, ки баҳри шеър чун баҳри муҳит Дур аз садафаш намекунад марворид То дар садафи чашми ту парварда шудем Чун гавҳари чашм гавҳари дила шудем. Қаноат ба ҳукми ҳамаи он касоне, ки адабиётшиносанду шеърши...

РОНАНДАҲОИ МУСОФИРБАРИ ТОҶИКИСТОН МИЗОҶОНИ ХУДРО ВОДОР БА ТАШХИС ВА ТАБОБАТ МЕКУНАНД

Изображение
  РОНАНДАҲОИ МУСОФИРБАРИ ТОҶИКИСТОН МИЗОҶОНИ ХУДРО ВОДОР БА ТАШХИС ВА ТАБОБАТ МЕКУНАНД Тӯйчӣ Бобоқулов ронандаи мусофиркаши ноҳияи Темурмалик вилояти Хатлони ҷумҳурӣ баъди он, ки ба духтурони Барномаи Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) оид ба мубориза бар зидди бемории силро соли 2015 хизматрасонӣ намуд, тасаввуроташ аз бемории сил тамоман дигар шуд. Ӯ ҳангоми бурдани духтурҳо ба хонаи гирифторони сил фаҳмид, ки бемории сил як бемории ирсӣ нест ва он табобатшаванда аст. Бобоқулов баъди фаҳмидани он, ки агар саривақт ба духтурон муроҷиат намоӣ бемории сил табобатшаванда аст, аз фаъолияти худ дар ин самт қаноатманд буда, ифтихор аз он мекунад, ки дар ҳамду нақли духтурон барои табобати беморони сил саҳмгузор аст. «Сил камбизоатҳоро камбизоаттар менамояд ва ба қисми осебпазири ҷомеа хатар эҷод мекунад. Ман аз ин ки ҳамчун як ихтиёрӣ (волонтер) дар ин самт метавонам бо ҷомеа кӯмак бирасонам, қаноатмандам» Туйч ӣ  Бобо қ улов Ти...

БА ИСТИҚБОЛИ РУЗИ БАЙНАЛМИЛЛАИИ ЗАНОНИ СОҲИБКОР

Изображение
БА ИСТИҚБОЛИ РУЗИ БАЙНАЛМИЛЛАИИ ЗАНОНИ СОҲИБКОР   19-уми ноябри соли 2018-ум дар шаҳри Душанбе Анҷумани миллӣ бо мақсади васеъ кардани имконият ва дастгирии занон дар фаъолияти соҳибкорӣ баргузор шуд. Ҳамоиши мазкур дар доираи Барномаи рушди ҷомеаи СММ, ки аз ҷониби Ҳукумати Финландия, Федератсияи Русия ва Ҳукумати Норвегия маблағгузорӣ мешавад, роҳандозӣ шуд. Зимни баргузории анҷумани мазкур маҳсули дастони ҳунармандони кишвар таҳти унвони «Дастони пурҳунар» ба маърази тамошо гузошта шуда, масъулини соҳа доир ба дастовардҳову имконияти занони соҳибкори Тоҷикистон сухан гуфтанд. Хонум Пратибҳа Меҳта – ҳамоҳангсози доимӣ ва роҳбари Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон зимни суҳбат дар расми ифтитоҳи Анҷуман гуфт: «Ҳадафи мо аз дастгирии соҳибкории занонон – баланд бардоштани сатҳи тафакури ҷомеа оид ба нақши зан ҳамчун иштирокдори баробарҳуқ дар иқтисод ба воситаи рушд ва устуворсозии соҳибкории нав ба нави занони деҳот, қисман дар бахши ҳунарҳои мардумӣ ва саноати сабук...

Ҳафтаи филмҳои фаронсавӣ

Изображение
Ҳафтаи филмҳои фаронсавӣ Имруз, 19 ноябри соли 2018 бо ибтикори сафорати Фаронса дар Душанбе  барои нахустин бор Ҷашнвораи филмҳои фаронсавӣ дар Тоҷикистон баргузор мешавад. Ин нуктаро сафири Фаронса дар Тоҷикистон Ясмин Гуедар зимни нишвасти хабарӣ эълон кард.   Тибқи нақша а з 19 то 23 ноябри соли ҷорӣ ҳамаруза соати 17:30 дар синамои Ватан филмҳо бо забони фаронсавӣ ва зернависӣ русӣ намоиш дода мешаванд. Вуруд ройгон аст. Добавьте подпись Дар рузи нахустини ҳафтаи синамои Фаронса се филми кутоҳи «Сафар ба моҳ», «Номаҳои занона» ва «Бабрҳои мурғобисифат» ба намоиш гузошта шуданд. Рузҳои дигар филмҳои синамоии маз ҳакаи «Кэ д’ O рсе», ки соли 2013 рӯёи навор омадааст, доир ба ҷаҳони дипломатияи Фаронса мебошад. Филми дигар «Шахсе аз Рио», кассикии соли 1963, Саргузашти Жан-Пол Белмондо барои анҷоми як тадқиқот аз Фаронса то Бразилия аст. «Бел ва Себастян» филми моҳароӣ буда дар бораи як кудаки даврони Ҷанги Фаҳонии Дуввум мебошад. Дар поёни ҷашнвора филми ...