Озмун барои намояндагони ВАО (аз 20 ноябри 2018 то 10 феврали 2019)
Озмун барои намояндагони ВАО / Конкурс для журналистов Таджикистана

Озмун барои намояндагони ВАО
(аз 20 ноябри 2018 то 10 феврали 2019)
Лоиҳа оид ба кишоварзӣ ва обёрӣ дар доираи ташаббуси “Озуқаворӣ ба хотири оянда” (Лоиҳа) дар Тоҷикистон озмуни навбатиро миёни хабарнигорони ВАО бахшида ба заноне, ки ба кори кишоварзӣ машғуланд, эълон мекунад. Шарти асосии озмун инъикоси фаъолияти занон-баҳрагирандаҳои Лоиҳа ва итилоот оид ба ҳамкории онҳо бо Лоиҳа мебошад.
Доварони озмун маводи дастрасшударо мавриди омӯзиш қарор дода, ғолибонро дар ҳар бахш мутобиқ ба меъёрҳои зерин баҳогузорӣ мекунанд:
- Итилооти пурра оид ба ҳамкории баҳрагиранда бо Лоиҳа:
- Дастрасии мавод барои умуми хонандагон;
- Истифодаи услуб ва усулҳои гуногуни баён:
- Аҳамияти иҷтимоӣ ва мавзуи мубрам;
- Таҳқиқи ҳаматарафаи мавзуъ;
Маводи пешниҳодгардидаро 5 узви комиссияи таъсисдодаи созмон аз ҳисоби коршиносони маъруф баҳогузорӣ мекунанд.
Ғолибон дар ду бахш муаян мешаванд:
- Нашряҳои чопӣ ва on-line
- радио/ТВ
Ғолибон туҳфаҳои зеринро сазовор мешаванд:
Ҷойи I – ноутбук
Ҷойи II – планшет
Ҷойи III – аксбардори рақамӣ
Ғайр аз ин, ба хабарнигорони фаъол низ туҳфаҳо пешбинӣ шудааст.
Матолиби ирсолшуда бояд мутобиқи муқаррароти зерин бошанд:
– Номи ВАО;
– Ному насаби роҳбари расонае ки матлаб дар он нашр шудааст;
– Ному насаби журналист;
– Раками телефон ва нишонии электронии хабарнигор;
– Номи матлаб;
– Санаи нашр.
Барои иштирок дар озмун маводи пахшу нашршудаи худро ба нишонии: Хиёбони Рӯдакӣ 127, Рӯдакӣ-Плаза, Душанбе, Тоҷикистон, (дафтари Лоиҳа оид ба кишоварзӣ ва обёрӣ дар доираи ташаббуси озуқаворӣ ба хотири оянда) ва ё ба почтаи электронии fielddfund@tawa.tj ирсол намоед.
Лоиҳа омода аст барои намояндагони ВАО сафарҳои омузишӣ ба макони баҳрагирандаҳои Лоиҳа ташкил карда, дилхоҳ маводро дар доираи озмун пешкаш бикунад. Ҳамчунин, метавонад нишона, шумораи телефон ва коршиносонро тавсия бидиҳад. Барои итилооти бештар, метавонед ба мутахассиси Лоиҳа оид ба ВАО, Шахноз Комилзода муроҷиат бикунед. Иртибот: +992 888 88 00 37 – skomilzoda@gmail.com
Комментарии
Отправить комментарий