Конференсияи илмии байналмилалӣ таҳти унвони “Миробид Сайидои Насафӣ ва таҳаввулоти фарҳангию адабии Мовароуннаҳр”

Конференсияи илмии байналмилалӣ таҳти унвони “Миробид Сайидои Насафӣ ва таҳаввулоти фарҳангию адабии Мовароуннаҳр”

Дар конфронси роҷеъ ба осору аҳволи Миробид Сайидои Насафӣ, вазъи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва адабии замони ӯ, ҳунар ва ҳунармандӣ дар осори шоир ва вазъи мусиқӣ замонаш, замина ва ангезаҳои иҷтимоии эҷоди “Шаҳрошӯб” ва вежагиҳои услубии ин асар, сабкшиносии ғазалиёти шоир, вазъ ва симои диндорӣ дар оинаи ғазалиёти ӯ, бозтоби масоили иқтисоди замони шоир дар эҷодиёти Сайидои Насафӣ гузоришҳо ва гуфтумони илмӣ сурат хоҳад гирифт.

Қарор аст дар ин конфронс 22 нафар меҳмонони хориҷӣ, аз ҷумла донишмандон ва пажуҳишгарони таърих ва адабиёти замони Миробид Сайидои Насафӣ аз кишварҳои Русия, Қазоқистон, Узбекистон, Афғонистон, Эрон, Ҳиндустон ва дигар кишварҳо ширкат кунанд.

Макон: толори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯдакӣ-33
Замон: 13 декабри соли 2018, соати 09.00
Масъули баргузорӣ: Маркази мероси хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.


https://www.facebook.com/294927151149879/photos/a.294957614480166/294957341146860/?type=3&theater


Комментарии

Популярные сообщения из этого блога

Древний город Карон

Бозор Собир дар бораи Муъмин Қаноат

Ҳафтаи филмҳои фаронсавӣ