Бозор Собир дар бораи Муъмин Қаноат
Бозор Собир дар бораи Муъмин Қаноат
Ба истиқболи зодрузи Муъмин Қаноат матлабе таҳия мекардам ва дар ҳамин замина назари устод Бозорро пурсон шудам. Суханони бисёр самимонае дар васфи устодаш иброз дошт. Порае аз он гузоришам, ки 20 майи соли 2006 дар радиои Фардо нашр шуда буд.
Бозор Собир шоири тавонои тоҷик, ки дар гуфтани шеъри тасвирӣ мувафақтарин шоири даврони худаш эътироф шудааст Қаноатро устоди худаш медонад ва мегуяд шоири аслии Тоҷикистон ҳануз ҳам Муъмин Қаноат аст. “Моро мафтун карда буд бо беҳтарин шеърҳои аввалинаш, ки бисёр тару тоза буданд, ҳам аз назари шеърият ва ҳам аз назари шаклу мундариҷа. Беҳтарин шеър аст. Устод Муъмин Қаноат ҳамеша ба мо ҳукми устоди дошт ва ҳукми устоди дорад. Ман дар як пора шеър (дар васфи ӯ)
гуфта будам:
Гӯянд, ки баҳри шеър чун баҳри муҳит
Дур аз садафаш намекунад марворид
То дар садафи чашми ту парварда шудем
Чун гавҳари чашм гавҳари дила шудем.
Қаноат ба ҳукми ҳамаи он касоне, ки адабиётшиносанду шеършиносанд аз беҳтарин
шоирони тоҷик аст. Тоҷикистон аз ӯ шоири беҳтаре надорад. Шоири комилан завқи
ва марди шеър аст. "
https://youtu.be/7na6W8CNMyM
шоирони тоҷик аст. Тоҷикистон аз ӯ шоири беҳтаре надорад. Шоири комилан завқи
ва марди шеър аст. "
Комментарии
Отправить комментарий