РОНАНДАҲОИ МУСОФИРБАРИ ТОҶИКИСТОН МИЗОҶОНИ ХУДРО ВОДОР БА ТАШХИС ВА ТАБОБАТ МЕКУНАНД
РОНАНДАҲОИ МУСОФИРБАРИ
ТОҶИКИСТОН МИЗОҶОНИ ХУДРО ВОДОР БА ТАШХИС ВА ТАБОБАТ МЕКУНАНД
Тӯйчӣ Бобоқулов ронандаи мусофиркаши ноҳияи Темурмалик вилояти
Хатлони ҷумҳурӣ баъди он, ки ба духтурони Барномаи Оҷонсии ИМА оид ба рушди
байналмилалӣ (USAID) оид ба мубориза бар зидди бемории силро соли 2015 хизматрасонӣ
намуд, тасаввуроташ аз бемории сил тамоман дигар шуд. Ӯ
ҳангоми бурдани духтурҳо ба хонаи гирифторони сил фаҳмид, ки бемории сил як
бемории ирсӣ нест ва он табобатшаванда аст. Бобоқулов баъди фаҳмидани он, ки
агар саривақт ба духтурон муроҷиат намоӣ бемории сил табобатшаванда аст, аз
фаъолияти худ дар ин самт қаноатманд буда, ифтихор аз он мекунад, ки дар ҳамду
нақли духтурон барои табобати беморони сил саҳмгузор аст.
«Сил камбизоатҳоро камбизоаттар менамояд ва ба қисми осебпазири ҷомеа хатар эҷод мекунад. Ман аз ин ки ҳамчун як ихтиёрӣ (волонтер) дар ин самт метавонам бо ҷомеа кӯмак бирасонам, қаноатмандам»
Туйчӣ Бобоқулов
Тибқи омори Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурусти ҳар сол
тақрибан 4,1 миилион одам дар дунё мубталои бемории сил мегарданд, аммо аз
ташхис намегузаранд ва муолиҷа намекунанд. Ҷалби ҷомеа дар пешгирии ин бемории
сирояткунанда, аммо табобатшаванда метавонад аввалиндараҷа бошад. Аз ин хотир,
USAID беш аз 620 хоҳишмандонро аз қишрҳои гуногуни ҷомеа аз қабили фаъолони
ҷомеа, ронандаҳои мусофиркаш, кормандони дорухона ва марказҳои билетфурӯшӣ барои баланд бардоштани
донишашон вобаста ба пешгирӣ ва муолиҷаи сил дар минтақаҳои осебпазири кишвар омӯзиш дод. Шахсони ҷалбгардида метавонанд дар
муайян намудани ин беморӣ ва огоҳ намудани аҳолӣ барои гирифтани табобат пешсаф
бошад.
Бобоқулов, ки дар
хатсайри 3.5 соата аз Темурмалик ба пойтахт мусофиркашонӣ мекунад дар як рӯз
ҳадди ақал ба 40 мизоҷ хизматрасонӣ менамояд. Бештари мизоҷони ӯ муҳоҷирони
меҳнатӣ ва корҷӯёнанд, ки ба гуруҳҳои осебпазири ҷомеа марбут мебошанд. «Ҳоло
баъд аз гирифӣани омӯзишҳои USAID вақти сулфидани мусофирон ман мехоҳам муддати
сулфиданаш, тағйирёбии вазнаш, иштиҳояш ва ҳолати дар шабҳо арақ карданашро
бифаҳмам». Мегуяд Бобоқулов, ки бо худ
маводҳои иттилоотӣ оид ба бемории силро дорад ва пайваста мардумро огоҳ
мекунад.
Баъди гирифтани маълумоти кофӣ Туйчи Бобоқулов минбаъд
аҳамияти ташхис ва табобати силро дарк намуда, ба ҳар як мизоҷи худ дар бораи
он суҳбат менамояд ва гузаштани санҷиши клиникиро барои онҳо маслиҳат медиҳад.
Ӯ ҳатто мизоҷонашро барои ташхис ба марказҳои тиббӣ мебарад ва агар лозим ояд
барои табобат низ ба онҳо хизмат мерасонад. Бобоқулов дар ҷавоби ин, ки чаро
дар ин самт фаъол аст, мегӯяд: «Сил камбизоатҳоро камбизоаттар менамояд ва ба
қисми осебпазири ҷомеъа хатар эҷод мекунад. Ман аз ин ки ҳамчун як ихтиёр
(волонтер) дар ин самт метавонам бо ҷомеа кӯмак бирасонам, қаноатмандам»
Барномаи
USAID оид ба мубориза бар зидди бемории сил ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи
иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти амалигардонии Барномаи миллии
ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил барои таъмини дастрасии ҳамаи қишрҳои ҷомеа, аз
ҷумла гуруҳҳои эҳтиёҷманд ба пешгирӣ, ташхис ва табобати бемории сил, мусоидат
менамояд. Ҳадафи асосии Барномаи USAID оид ба мубориза бар зидди бемории сил
барои панҷ сол пешбинӣ шудааст ва ба коҳиш додани сатҳи бемории сил ва
паҳншавии бемории сили ба дорувории гуногун тобовар дар Тоҷикистон, маҳсуб
мегардад. Барномаи мазкур як қатор чорабиниҳоро, аз ҷумла омӯзиши кормандони
тиб барои таҳкими системаи тандурустӣ, беҳтар намудани ҳамкорӣ,ҳамоҳангӣ ва
беҳтар намудани дастрасӣ ба ташхис ва табобати бемории сил, фаро мегирад.
USAID ронандагони мусофиркашро барои омӯзонидани дарёфти саривақтии нишонаҳои бемории сил ва ба ташхис равона месозад.
Комментарии
Отправить комментарий