БА ИСТИҚБОЛИ РУЗИ БАЙНАЛМИЛЛАИИ ЗАНОНИ СОҲИБКОР
19-уми ноябри
соли 2018-ум дар шаҳри Душанбе Анҷумани миллӣ бо мақсади васеъ кардани имконият
ва дастгирии занон дар фаъолияти соҳибкорӣ баргузор шуд. Ҳамоиши мазкур дар
доираи Барномаи рушди ҷомеаи СММ, ки аз ҷониби Ҳукумати Финландия, Федератсияи
Русия ва Ҳукумати Норвегия маблағгузорӣ мешавад, роҳандозӣ шуд.
Зимни баргузории анҷумани мазкур маҳсули дастони
ҳунармандони кишвар таҳти унвони «Дастони пурҳунар» ба маърази тамошо гузошта
шуда, масъулини соҳа доир ба дастовардҳову имконияти занони соҳибкори Тоҷикистон
сухан гуфтанд.
Хонум Пратибҳа Меҳта – ҳамоҳангсози доимӣ ва роҳбари
Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон зимни суҳбат дар расми ифтитоҳи Анҷуман гуфт:
«Ҳадафи мо аз дастгирии соҳибкории занонон – баланд бардоштани сатҳи тафакури
ҷомеа оид ба нақши зан ҳамчун иштирокдори баробарҳуқ дар иқтисод ба воситаи
рушд ва устуворсозии соҳибкории нав ба нави занони деҳот, қисман дар бахши
ҳунарҳои мардумӣ ва саноати сабук мебошад.
Ҳадафи дигари мо ин таъсиси муҳити созгор барои табодули таҷриба бо
соҳибкорони муваффақ ва ҳамчунин мусоидат дар муаррифии маҳсулоти ҳунарҳои
мардумии тоҷик ба бозори байнамиллӣ мебошад”.
Қобили зикр аст, ки дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 23 бунёд, барнома ва муассисаҳои махсуси СММ амал мекунанд, ки меҳвари фаъолияти онҳоро татбиқи лоиҳаву барномаҳои иҷтимоиву иқтисодии ба таъмини рушди дарозмуддату устувори Тоҷикистон ташкил медиҳад.
Комментарии
Отправить комментарий