Кор ва нигоҳубини бемузд дар Тоҷикистон
Кор ва нигоҳубини бемузд дар Тоҷикистон
Бо дастгирии Бонки Исломии Рушд, Оксфам лоиҳаи ‘Дарки кор ва нигоҳубини бемузд дар
ҷомеаҳои деҳоти Тоҷикистон: Баланд бардоштани иқтидори ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва
ҷалби занону мардон дар чорабиниҳо ҷиҳати шинохтан, коҳиш додан ва тақсимоти кори
бемузд’-ро оғоз бахшид, ки дар қисмати шарқии вилояти Хатлон ва водии Зарафшон, дар
солҳои 2017- 2019 ба таври пилотӣ амалӣ мешавад.
Диди фишурдаи лоиҳа ин мусоидат ба иштироки баробарҳуқуқонаи занҳо дар фаъолиятҳои
иқтисодӣ бо роҳи таҳкими шарикони маҳаллӣ, дарёфти намунаҳои меҳнати бемузд дар
хоҷагиҳои деҳот ва пешниҳодҳои имконпазир барои эътироф, кам кардан, тақсимоти
вазифаҳо, мебошад.
Лоиҳа, таҳти марҳилаи аввал, аз руи зер фаъолиятҳо кор бурдааст-i) санҷиши меҳнат ва
ғамхории бемузд дар деҳоти Тоҷикистон, ii) санҷиши монеаҳое, ки садди роҳи иштироки
фаъоли занони деҳот дар барномаҳои рушд мешаванд ва iii) муайян кардани эҳтимолиятҳо дар
барномаҳои рушд, ки ба занон кори бемузд изофа карда ба ин васила ба мардуми кумакрасида
баръакс душворӣ меорад.
Дар пайгири ба ин фаъолиятҳо, аз моҳи апрел то моҳи августи соли 2017 дар доираи лоиҳа,
дар 11 деҳаи водии Зарафшон ва қисмати шарқии вилояти Хатлон Таҳлили зуди нигоҳубин
(тзн) гузаронида шуд, ки 600 нафар занон ва мардонро фаро гирифт.
Ҳисоботи мазкур оид ба миқёси кори нигоҳубини бемузд, тақсимоти нобаробари он далелҳо
ҷамъ меорад ва барои ташаккул додан ва дастгирӣ намудани муколама мусоидат мекунад, ва
метавонад барои беҳтар сохтани тарҳрезӣ ва амалисозии лоиҳаҳои бар зидди камбизоатӣ
нигаронидашуда дар Тоҷикистон истифода шавад.
Айни ҳол, дар асоси фаъолиятҳои овардашуда, Оксфам марҳилаи дуввуми лоиҳаро тарҳрезӣ
карда, бештар ба таҳияи ҳалли самаранок дар паст кардани кор ва нигоҳубини бемузди занон
ва мардон дар Тоҷикистон, ҷалб дода истодааст.
Комментарии
Отправить комментарий