Мушкилиҳои соҳаи об ва роҳҳои ҳалли он
Мушкилиҳои соҳаи об ва роҳҳои ҳалли он
Тақрибан аз панҷ як ҳиссаи маҷмӯи маҳсулоти дохилии
Тоҷикистон ва беш аз 50 фоизи шуғли соҳаи кишоварзӣ барои иқтисодиёти кишвар
ҳамчун соҳаи калидӣ боқӣ мемонад. Cоҳаи кишоварзӣ аз соҳаи обёрӣ вобастагии
зиёд дорад ва бештар аз 80%‑и майдони кишти обёришавандаро дар бар мегирад. Бо
вуҷуди ин таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар маҷмуъ фаъолияти зерсохторҳои соҳаи обёрӣ
нокифоя буда, самаранокии системаи обёрии миллӣ танҳо 40-50%‑ро ташкил медиҳад.
Рушди хизматрасонии машварати кишоварзӣ;
Истеҳсоли сабзавоти мавсимӣ;
Истеҳсоли меваҷот;
Истеҳсол ва коркарди маҳсулоти ширӣ ва
Бахши обёрӣ фаъолият мекунад.
Вазифаҳои асосии бахши обёрии Лоиҳа ин пеш аз ҳама устуворгардонӣ ва рушди иқтидори 72 адад Ассотсиатсияҳои
истифодабарандагони Об (АИО), 1 адад Федератсияи Ассотсиатсияҳои
истифодабарандагони Об (ФАИО) ва 4 адад Ташкилотҳои Ҷамъиятии Иттифоқи
истифодабарандагони об (ТҶ ИИО), инкишоф
додани қобилиятҳои ташкилотчигӣ ва идоракунии маъмурӣ, молиявӣ, техникӣ ва
баланд бардоштани сатҳи донишҳои ҳуқуқӣ ва иттилоотии роҳбарони АИО ва ТҶ ИИО, таъмини
насби 52 адад обченкунакҳо дар 7 ноҳияҳои ҳадафӣ (Шаҳритуз, Қубодиён, Н.Хусрав,
Ҷайҳун, Кӯшониён, Вахш ва Хуросон), инчунин мусоидат намудан дар танзими тақсимоти одилона ва истифодаи
самараноки об мебошад.
Тибқи маълумоти омори
Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017
бинобар аз кор баромадани пойгоҳҳои обкашӣ ва шабакаҳои обрасонӣ (қубуру
новаҳо) майдони умумии 21.508 гектар заминҳои корами обӣ ва обёрии техникӣ
ҳамчун заминҳои лалмӣ истифода мешаванд. Ғайр аз ин дар ҷумҳурӣ майдони 23.598 гектар заминҳои
партови обӣ мавҷуд мебошад, ки онҳо низ бинобар нарасидани об барои обёрӣ бо
қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраҳои муайян ба намуди заминҳои партов гузаронида шудаанд. Дар маҷмӯъ
дар ҷумҳурӣ майдони 53.929 гектар заминҳои обӣ бо сабабҳои норасоии об ва
ҳолати бади мелиоративӣ дар истифода қарор надоранд ё ҳамчун замини корами
лалмӣ истифода бурда мешаванд.
Албатта ҳолати мазкур дар соҳаи мелиоратсия мушкилиҳои
зиёде ба вуҷуд меорад. Бинобар он дар шароити имрӯза ташкили Ассотсиатсияҳои
истифодабарандагони об яке аз роҳи асосии ҳалли ин мушкилот ба шумор меравад . Зеро
он метавонад истифодабарандагони обро дар як ташкилот муттаҳид гардонида,
бештари мушкилиҳои мавҷударо зина ба зина ҳал намояд.
Барои расидан ба ин мақсад Лоиҳаи кишоварзӣ ва обёрӣ дар
самти устуворгардонӣ ва рушди иқтидори Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об омӯзонидани
баҳисобгирии меъёри оби воридшаванда, тақсимоти одилона ва баробари об байни
истифодабарандагон, истифодаи самараноки об, омӯзонидани усулҳо ва
техналогияҳои насби дастгоҳҳои обченкунӣ, паст кардани сатҳи ангезиши баҳсҳо ва
дигар фаъолиятҳоро ба роҳ монда, бо ин
мақсад дар минтақаи хизматрасонии 30 адад АИО-и ҳудуди ноҳияҳои Шаҳритус,
Қубодиён, Носири Хусрав, Ҷайҳун, Кӯшониён, Вахш ва Хуросон 52 адад обченкунак ва
28 адад дарвозаҳои обтақсимкуниро насб намудааст.

Комментарии
Отправить комментарий