Лоиҳа оид ба кишоварзӣ ва обёрӣ дар доираи ташаббуси Ҳукумати ИМА «Озуқаворӣ ба хотири оянда»
Лоиҳа оид ба кишоварзӣ ва обёрӣ дар доираи ташаббуси Ҳукумати ИМА «Озуқаворӣ ба хотири оянда»
Лоиҳа оид ба кишоварзӣ ва обёрӣ дар доираи ташаббуси Ҳукумати ИМА «Озуқаворӣ ба хотири оянда» тариқи Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) маблағгузорӣ шуда, аз моҳи октябри соли 2015 инҷониб дар 12 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон амалӣ шуда истодааст. Лоиҳаи мазкур ба хонаводаҳо ва хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ дар баланд бардоштани ҳосилнокӣ, гуногуншакл ва беҳтар намудани сифати маҳсулоти кишоварзӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон кумак мерасонад.
Лоиҳа асосан бо панҷ бахши соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла таблиғоти кишоварзӣ, истеҳсоли сабзавот, меваҷот, коркарди маҳсулоти ширӣ ва обёрӣ фаъолияти пурсамар намуда, ҳаҷми маҳсулоти кишоварзиро дар 12 шаҳру ноҳияҳои ҳадафии вилояти Хатлон афзун менамояд. Илова бар ин, бо мақсади тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, аз ҷумла беҳтар намудани тарзи истеъмоли хӯрок бо роҳи пешбарии истифодаи бештари меваю сабзавот дар хӯроки ҳаррӯза, Лоиҳа ба сокинони ноҳияҳои ҳадафӣ фаъолияти вобаста ба тарғиби истеъмоли ғизои солимро пешниҳод менамояд. Ба фаъолияти мазкур дар амал нишон додани омодасозии ретсептҳои ғизонок ва тайёр намудани хӯроки гуногунранг, инчунин таҳияи маводҳои иттилоотӣ оид ба ғизои солим дохил мешаванд.
Комментарии
Отправить комментарий