Фестивали ҷаҳонии филмҳо дар мавзӯъи муҳоҷират – 2018 дар Тоҷикистон


Шаҳри Душанбе, 7-уми декабри соли 2018
 
Вақте дар хушкӣ аниқ мемирӣ ва дар баҳр шояд, ба куҷо меравӣ?
Фестивали ҷаҳонии филмҳо дар мавзӯъи муҳоҷират – 2018 дар Тоҷикистон

Фестивали савуми ҷаҳонии филмҳо дар мавзӯъи муҳоҷират аз ҷониби Созмони байнулмилалии муҳоҷират (СБМ) – Оҷонсии СММ доир ба муҳоҷират дар бештар аз сад кишвари ҷаҳон баргузор мегардад. Фестивал ба Рӯзи байнулмилалии муҳоҷир, ки ҳамасола 18-уми декабр қайд мешавад, бахшида шудааст.

Фестивал дар Тоҷикистон 6-уми декабри соли 2018 бо намоиши филми «Дар як қаиқ», ки чеҳраҳои инсонии буҳрони муҳоҷирон дар Баҳри Миёназаминро нишон медиҳад, оғоз шуд. Намоиши филмҳои дигари фестивал дар Тоҷикистон дар оғози соли оянда ба нақша гирифта шудааст. Замон ва макони намоишҳои соли 2019 дар саҳифаи СБМ Тоҷикистон дар Фейсбук  эълон хоҳад шуд.

Имсол, дар фестивал филмҳои ҳунарӣ ва ҳуҷҷатие, ки чолишҳо ва имкониятҳои муҳоҷират ва ҳамчунин, саҳми беназири муҳоҷирон ба ҷомеаҳои навашонро тасвир мекунанд, ба намоиш гузошта мешаванд. Ҳадафи фестивал баррасии фаъолонатари яке аз падидаҳои бузургтарини замони мо мебошад.

Кристина Ҷорҷ Транка, раҳбари Намояндагии СБМ дар Тоҷикистон, мегӯяд: “Филмҳо зиндагиҳои гуногунро аз мавқеъҳои гуногун нишон дода метавонанд, ки дар навбати худ ба бинанда имкон медиҳад, то бо дарки бештар вориди мавзӯъи муҳоҷирон гардад, воқеъияти онҳоро, ниёзҳояшонро, имкониятҳо ва ояндаашонро беҳтар фаҳмад. Фестивал ба мо замон ва макони мувофиқеро фароҳам меорад, то фикри ҳамватанонамонро бикунем ва тамосҳо миёни кишвари асл ва кишвари мизбон ва ҷомеаву муҳоҷиронро нигаҳ дорем. Барои Тоҷикистон низ муҳоҷират мавзӯъи нав нест, чунки дар ин ҷо мушкил аст касеро дарёфт, ки зиндагияш ба шакле зери таъсири муҳоҷират қарор нагирифта бошад. Ба андешаи мо, филмҳо дар мавзӯъи муҳоҷират ба мардум ёрӣ медиҳад, то доир ба ин падида тасаввуроти рӯшантар пайдо кунанд.

Тӯли солиёни зиёд, филмҳо манбаъи иттилоот, тафреҳ, таълим ва оғози баҳс мебошанд. Бо назардошти ин, дар соли 2016, СБМ, Оҷонси СММ доир ба муҳоҷират, Фестивали ҷаҳонии филмҳо дар мавзӯъи муҳоҷиратро роҳандозӣ кард. Филмҳо метавонанд ба ҳайси василаи омӯзишӣ истифода шаванд, чунки онҳо ба дарк ва муносибат таъсир мегузоранд. Филмҳо, ҳамчунин, метавонанд барои баҳсҳои эҳтиромона ва ҳамкориҳо имконият фароҳам оранд.

  
Фестивали ҷаҳонии филмҳо дар мавзӯъи муҳоҷират ҳамасола баргузор мегардад.
Аз синамогарони касбӣ ва тозазуҳури тоҷик даъват мекунем, то соли оянда филмҳои худро ба озмуни фестивал пешниҳод намоянд.


The third edition of the Global Migration Film Festival (GMFF) has been launched by the International Organization for Migration (IOM) – The United Nations Migration Agency in over 100 countries. The Festival is dedicated to the International Migrants Day annually marked on 18 December. In Tajikistan, the Festival is opened on 6 December 2018 with a screening of On the Same Boat, a documentary exploring the human faces of the migrant crisis in the Mediterranean. This year’s edition of the Festival features films and documentaries that strive to capture the promise and challenges of migration, as well as the unique contribution that migrants make to their new communities.

“Films have the power to show the different faces of life, from many different angles, which can in turn help viewers cultivate a deeper empathy for migrants and a better understanding of their realities, needs, perspectives and capacities. The Festival gives us a great moment and platform to think about our fellowmen and supporting contacts between countries of origin, host countries, communities and migrants. Migration is surely not a new concept in Tajikistan. It would be difficult to find anyone in this country whose life has not been effected by migration one way or another. We believe that films about migrants would help people gain a clearer view of the phenomenon”, said Cristina Gheorghe Tranca, Chief of Mission, IOM Tajikistan.

Комментарии

Популярные сообщения из этого блога

Древний город Карон

Бозор Собир дар бораи Муъмин Қаноат

Ҳафтаи филмҳои фаронсавӣ