“UN DAY” дар литсейи касбӣ-техникӣ
“UN DAY” дар литсейи касбӣ-техникӣ
Бо ибтикори Барномаи рушди СММ, дар литсейи касбӣ-техникии ноҳияи Айнӣ маҳфиле
ба истиқболи «Рӯзи СММ» баргузор шуд. Зимни ин ҳамоиш масъулини созмон барои
донишомӯзони муассиса оид ба фаъолияти СММ иттилоот дода, онҳоро бо “Ҳадафҳои
рушди устувор то соли 2030” ошно карданд.
“Тоҷикистон ба ҳайси аъзои СММ моҳи сентябри соли 2015 барномаи
умумиҷаҳонии “Ҳадафҳои рушди устувор то соли 2030”- ро қабул кард, ки дар
чаҳорчуби он кишвари мо стратегияи миллии рушди
худро таҳия кард. Стартегияи миллии Тоҷикистон аз 16 ҳадаф иборат аст,
ки дар он ҳама ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеа ба назар гирифта шуда, барои бартараф
кардани мушкилот ва беҳтар намудани беҳбудии онҳо роҳҳои ҳал пешниҳод шудааст.”
– мегуяд Нозир Солиҷонов, мутахассис оид ба рушди маҳали БР СММ дар ноҳияи Айнӣ.
Барои расидан ба ҳадафҳои рушди устувор Тоҷикистонро мебояд дар тӯли 15
соли оянда дар нақшаву қонунҳои миллӣ талаботи барномаро ба инобат гирифта дар
ин самт ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахши хусусӣ ва созмонҳои ғайридавлатиро
фаъолона ба роҳ монад, то ки афзалиятҳои миллӣ ва ҳадафҳои умумиҷаҳонӣ иҷро
шаванд.
Гуфтанист, дар литсейи мазкур 250 нафар барои таҳсил аз деҳаҳои гуногуни
ноҳияи Айнӣ фаро гирифта шудаанд ва ин литсей дар тӯли солҳои гузашта, давра ба
давра, аз ҷониби Барномаи рушди СММ дастгирӣ меёфт.
Комментарии
Отправить комментарий