USAID - Озмун барои хабарнигорон


Лоиҳа оид ба кишоварзӣ ва обёрӣ дар доираи ташаббуси “Озуқаворӣ ба хотири оянда” дар Тоҷикистон озмуни навбатиро миёни хабарнигорони ВАО дар мавзӯи инъикоси масоили зерин эълон мекунад:
“Маърифати обёрӣ”
– Муҳофизати муҳити зист, мушкилот бо партовҳо ва зарари он барои саломатии инсон;
– Натиҷаи ифлос шудани заҳбуру заҳкашҳо, саривақт тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо – натиҷаи зиёд шудани масоҳати заминҳои кишорварзӣ, истифодаи самараноки об, нақши ассотсиасияҳои истифодабарандагони об.
“Боғдори муосир”
– Роҳҳои бартараф кардани ҳашароти зараррасон;
– Истифодаи технологияҳои навини кишоварзӣ;
– Ниҳолхонаҳо ва тарзи дуруст интихоб намудани тухмӣ ва ниҳол.
Ғизои солим
– Истифода аз меваю сабзавоти серғизо: брокколи, испаноҷ, карами пекинӣ;
– Маҳсулоти ширӣ, таомҳо ва ретсептҳои мувозин/серғизо.
Маводи пешниҳодгардидаро 5 узви комиссияи таъсисдодаи созмон аз ҳисоби коршиносони маъруф баҳогузорӣ мекунанд.
Меъёрҳои муайян кардани ғолибон: пайваста инъикос намудани мавзӯъҳо, аҳамияти мавзӯъ, пешниҳоди ҳирфаӣ, вокуниш ба матлаб, дарёфт ва пешниҳоди мантиқии маълумоти зарурӣ вобаста ба масоили номбаршуда.
Мӯҳлати пешниҳоди матлаб ба озмун аз 1 май то 1 августи соли 2018
Ғолибони асосӣ соҳиби туҳфаҳои арзишманд мегарданд.
Аз ҷумла:
Барои беҳтарин матлаб дар нашрияҳо – аксбардори рақамӣ
Барои беҳтарин матлаби радиоӣ – планшет
Барои беҳтарин матлаби телевизионӣ – ноутбук
Ёдоварӣ аз дастовардҳои лоиҳа ва иқтибосу суҳбати мутахассисони он истиқбол мешавад.
Барои иштирок дар озмун маводи пахшу нашрhttps://untj.org/?page_id=3389шудаи худро ба нишонии: Хиёбони Рӯдакӣ 127, Рӯдакӣ-Плаза, Душанбе, Тоҷикистон, (дафтари Лоиҳа оид ба кишоварзӣ ва обёрӣ дар доираи ташаббуси озуқаворӣ ба хотири оянда) ва ё ба почтаи электронии fielddfund@tawa.tj ирсол намоед.

Комментарии

Популярные сообщения из этого блога

Древний город Карон

Бозор Собир дар бораи Муъмин Қаноат

Ҳафтаи филмҳои фаронсавӣ