USAID - Рушди боғдорӣ
«Истифодаи таҷрибаҳои пешқадам дар соҳаи боғдорӣ»
24 майи соли ҷорӣ бо ибтикори “Лоиҳа оид ба кишоварзӣ ва обёрӣ дар доираи ташаббуси “Озуқаворӣ ба хотири оянда” дар ноҳияи Ёвон семинари машваратӣ дар мавзӯи «Рушди боғдорӣ» баргузор шуд.
Семинари мазкур бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши кишоварзон оиди «Истифодаи таҷрибаҳои пешқадам дар соҳаи боғдорӣ» ба воситаи мубодилаи афкор байни деҳқонон ва мутахассисону олимони соҳаи боғдорӣ оид ба мавзӯъҳои касалиҳо ва ҳашароти зарарасони дарахтони мевадиҳанда ва мубориза бар зидди онҳо, танзими реҷаи ғизодиҳӣ ва обёрӣ, шохабурии сабз ва аҳамияти он, истифодаи самараноки байни қатории дарахтон, ҷамъоварии мева ва коркарди он, риояи талаботи экологӣ дар соҳаи боғдорӣ баргузор шуд.
Ҳамчунин, зимни баргузории семинари машваратӣ намошгоҳи маҳсулоти пайвандӣ ва маҳалӣ ба маъразӣ тамошо гузошта шуда буд. Пас аз тамошои намоишгоҳ дар хоҷагии таълимӣ-таҷрибавии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон намоиши корҳои амалӣ аз ҷумла тарзи дурусти пайвандкунӣ ва ҷамоварии ҳосил, нигоҳубини боғу танзими обёрӣ намоиш дода шуд.

Дар расми ифтитоҳи руйдоди мазкур роҳбарони қитъаҳои намоишии боғу ниҳолхонаҳо, роҳбарияти ноҳия, аъзои Бригадаҳои рушди боғпарварӣ, фермерони боғпарвар ва мутахассисони кишоварзии ноҳияҳои ҳадафӣ бо ҷалби намояндагони Вазорати кишоварзӣ ва олимони Академияи илмҳои кишоварзӣ ва мутахасиссону олимони ташкилотҳои шарик ширкат карданд.
Шаҳноз Комилзода
Душанбе- Ёвон
= = =
Комментарии
Отправить комментарий