Даргузашти Бозор Собир
Имруз, 1 май шоири пуровозаву маҳбуби тоҷик Бозор Собир дар синни 79 солагиаш дар ИМА ин дунёро падруд гуфт. Устод дар эҷоди шеъри тасвирӣ беназир буд. Шеърҳояш бисёр самимонаву пурмеҳр ва пур аз ғурур. Бале, баъзан дағалгуи мекард аммо аз дард мегуфт. Дилаш ба ин миллату ватан месухт.
Баробари шунидани ин хабари шум тамоми лаҳзаҳое зиндагиам, ки бо устод пайваста буд пеши назарам омад. Шуруъ аз шухиҳову шеърхониҳояш, он рузҳои сахти зиндону додгоҳ, ки ҳатто дар ҳамон ҳолатҳо қоматаш устувор ва сараш боло буд, он рузе ки аз додгоҳ бурдандаш самти фурудгоҳ ва чи қадар бо меҳр ба гирду атроф назар мекард ва бо мишкилии зиеде барояш иҷозаи вуруд шуданро доданд. Ҳануз ҳам ҳамон нигоҳаш дар хотирам ҳаст. Ҳар вақт Душанбе меомаданд ҳамсарашон занг мезад, ки:" Шаҳноз, бачам устод мантуҳои дастпухатро ёд кардааст...."
Сад дареғо, боз як чеҳраи фарҳехта аз миёни мо рафт.
Равонаш шоду номаш гиромӣ бод!
Комментарии
Отправить комментарий