21 сол пеш дар ин рӯзи Ваҳдат кӣ дар куҷо ва дар чӣ ҳол буд?

21 сол пеш дар ин рӯзи Ваҳдат кӣ дар куҷо ва дар чӣ ҳол буд?
Ману модарам ва як иддае аз тоҷикони муқими Ирон дар манзили Саид Абдулоҳи Нури ҷамъ омада мунтазири натоиҷи мулоқоти ниҳоии гуфтушуниди ҷонибҳои даргир дар Москва будем. Ҳама ҳайрону парешон ва дар ҳолати интизорӣ будем. Чун ин мулоқот тақдири меҳани азизамон - Тоҷикистонро ҳал мекард. Ҳама дар орзӯи сулҳу, ваҳдату ягонагии миллатамон будем.
Наздики шом буд, ки яке аз писарони С.А.Нурӣ дар дасташ телефон вориди меҳмонхона шуду якбора бо садои баланду бо ҳаяҷон фарёд кард "санади оштии миллӣ имзо шуд, муборак бошад!!!". Як бора дар хона садои кафкубиву, шукргузорӣ баланд шуду аз чашмҳо ашкҳои шодӣ ҷорӣ шуд...
Шодии ман он лаҳза дучанд буд, зеро пай мебурдам ки ба зудӣ баъд аз 3 соли ҳиҷрат дар Теҳрон дар ниҳоят ба Втанҷонам бар мегардам.
Чанд лаҳза пас хабар омад, ки устод Нурӣ супориш додааст, ки дар ҳавлиаш дегҳои ошро гузоранду тамоми тоҷикони Иронро ҷамъ карда ин "оштии миллӣ"-ро ҷашн бигиранд.
Падарам низ ба унвони сухангӯ ин ҳайатро дар Москва ҳамроҳӣ мекард ва вақте ба хона занг зад модарам уро табрик гуфту пурсид: " Аку кай бармегардем Душанбе?...".
Ва ин суоли на танҳо модари ман буд. Тамоми муҳоҷиронро ин суол пайгирӣ мекард. Ҳама пазмони Ватан шуда буданд.
Ва ману модараму як бонуи дигар ягона занҳое будем, ки ҷонро дар хатар монда 11 сентябри соли 1997 ба ҳавопаймое, ки устод Нурӣ ба Душанбе омад ҳамроҳаш савори ҳавопаймо шудем... ин сафар як қисса ва як таърихи ҷолиби дигарест, ки дар натиҷаи ин сулҳ руй додааст...
Рузи Ваҳдати милли муборак бошад Тоҷикистони азизам!




Комментарии

Популярные сообщения из этого блога

Древний город Карон

Бозор Собир дар бораи Муъмин Қаноат

Ҳафтаи филмҳои фаронсавӣ